Доир ба оғози рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони синнашон аз 15 моҳа то 5 сола мизи мудаввар баргузор гашт

Доир ба оғози рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони синнашон аз 15 моҳа то 5 сола мизи мудаввар баргузор гашт
Ноябр 20
16:08 2023

Имрӯз, 20 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оғози рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони синнашон аз 15 моҳа то 5 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, роҳбарони як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, мутахассисони соҳа ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо  қоидаҳои асосии бехатарӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ баҳисоб меравад. Сирояти пневмококкӣ боиси зиёдшавии бемориҳои вазнини инвазивӣ, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, инчунин бемориҳои сабуктар, аз қабили отити гуши миёна, синусит ва бронхит мегардад. Аз рӯи натиҷаҳои баҳодиҳии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони синни то 5 – сола аз бемориҳои пневмококкӣ, алалхусус кӯдакони синнашон то 2 солаи давлатҳои рӯ ба тариқидошта мефавтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти воридкунии ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро ҳамчун афзалияти калидӣ дар коҳиш додани сатҳи бемориҳои пневмококкӣ байни кӯдакони мақсадноки кишвар шуморида, иммунизатсияи онро дар Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тасдиқ намуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳои барномаи миллии мазкур, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Алянси глабалии ваксинаҳо ва иммунизатсия соли 2022 ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) ба ҷумҳурӣ ворид намуда,  тибқи Тақвими миллии иммунизатсия ваксинатсияи онро аз 1 ноябри соли 2022 байни кӯдакони синнашон 2, 4 ва 12 моҳа оғоз намуд.

Бо мақсади коҳиш додани бемориҳои пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аҳолии кишвар (аз 15 моҳа то 5 сола), ки то давраи ба ҷумҳурӣ воридкунии ваксинаи ВПК (ноябри соли 2022) масуният бар зидди сирояти пневмококкӣ надоштанд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз 20 то 30 ноябри соли 2023 Рӯзҳои иммунизатсияи оммавиро бар зидди сирояти пневмококкӣ байни ин гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ, яъне кӯдаконе, ки аз 1 декабри соли 2018 то 31 августи соли 2022 таваллуд шудаанд, гузаронад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии кишварро даъват мекунад, ки дар давраи Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ кӯдакони  синну соли аз 15 моҳа то 5 солаи худро (яъне кӯдаконе, ки аз 1 декабри соли 2018 то 31 августи соли 2022 таваллуд шудаанд) ба муассисаи тиббии ҷои зисти худ бурда, онҳоро бо ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ фаро гиранд.

Бо саривақт гузаронидани иммунизатсия Шумо кӯдакатонро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоед. Бо дасткашӣ аз иммунизатсия Шумо саломатӣ ва ҳаёти кӯдакатонро зери  хатар мегузоред!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 709
  • 1,242
  • 949,729