Шиносоӣ бо ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Шиносоӣ бо ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Феврал 09
13:42 2024

Санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо вазъи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки рушди системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ дар доираи ташаккули ҳукумати электронӣ, татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 тасдиқ гардидааст, бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани дастрасӣ ба хизматрасониҳои баландихтисоси тиббӣ, баргузор намудани маслиҳату машварат оид ба ташхису табобати беморон дар масофа бо истифода аз имкониятҳои телетиб, зери назорати қатъӣ қарор додани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, омӯзиши мутаасил ва баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи тандурустӣ  тавассути ташкили  курсҳои бозомӯзӣ дар ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа таъмин гардида истодааст.

Қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Харитаи амалисозии қисмати рақамикунонӣ барои солҳои 2024-2027-ро қабул намудааст, ки тамоми чорабиниҳои он дар давоми 3 соли минбаъда вориднамоиии раванди рақамикунонии соҳаро тадбиқ менамояд.

Ҳазамон ба роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи рӯнамоӣ доир ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот пешниҳод карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 712
  • 1,242
  • 949,732