Теҳрон. Иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода дар конфронси байналмилалии “Пӯшиши ҳамагонии саломат бо барномаи саломатии хонавода ва низоми ирҷоъи электронӣ”

Теҳрон. Иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода дар конфронси байналмилалии “Пӯшиши ҳамагонии саломат бо барномаи саломатии хонавода ва низоми ирҷоъи электронӣ”
Март 09
08:33 2024
Аз 4 то 6-уми марти соли равон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин конфронси байналмилалии “Пӯшиши ҳамагонии саломат бо барномаи саломатии хонавода ва низоми ирҷоъи электронӣ” баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуд.
Мақсад аз баргузории конфронси мазкур шиносоии кишварҳо бо барномаи саломатии хонавода ва ирҷоъи электронӣ (Family Health Program: FHP), табодули таҷрибаи кишварҳо бо якдигар ва баҳрамандӣ аз назарҳои техникӣ ва касбии мутахассисони варзидаи ин соҳа арзёбӣ гардид.
Дар конфронси мазкур панҷ масъала; “Саломати хонавода ва якҷо намудани омӯзиши тиббӣ ва низоми саломат”, “Саломати хонавода ва тақвияти шабакаи беҳдошт ва дармон”, “Саломати хонавода ва мардумисозии низоми саломат”, “Саломати хонавода ва омилҳои иҷтимоии таъсиргузор бар саломат” ва “Саломати хонавода ва саломати электронӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар доираи иштирок дар ин конфронси сатҳи баланд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар дар соҳаи тандурустӣ гуфтугӯи созанда анҷом дода, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳа, аз ҷумла табодули таҷрибаи табибони тоҷик дар ин кишвар дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар самтҳои таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои таълимию тиббии ин кишвар дидан ба амал оварда, бо роҳбарияти онҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни муассисаҳои соҳавии ду кишвар сӯҳбат намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 680
  • 1,242
  • 949,700