Ҷамъбасти мусобиқаи ҳаждаҳуми футболи хурд байни муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҷамъбасти мусобиқаи ҳаждаҳуми футболи хурд байни муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Август 09
08:46 2024

Дар асоси фармоиши Вазорати  тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 30 майи   соли  2024,  №355 бахшида ба  зодрӯзи  олим, файласуф ва  ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ – “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷашни 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расман эълон гардидани  25 май “Рӯзи ҷаҳонии футбол” Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи  касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи  футболи  мамлакат аз   03 июл то 08 августи соли равон   мусобиқаи  ҳаждаҳуми  футболи хурдро  байни дастаҳои муассисаҳои  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар майдончаи варзишии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов баргузор намуд.

Дар мусобиқа  13 даста ва зиёда аз  150 – нафар футболбозони аз синни 30 сола боло  иштирок варзиданд. Хизматрасонии тиббӣ ба варзишгарон аз тарафи табибони Маркази назорати муоинаи тибби варзишгарони шаҳри Душанбе таъмин гардида, доварии  45 бозиҳои  мусобиқа  аз тарафи  доварони  дараҷаи ҷумҳуриявию байналмилалии Федератсияи футболи кишвар ба анҷом расонида шуданд.

Маросими ҷамъбастии мусобиқаи мазкур санаи 08 августи соли равон дар майдончаи варзишии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода,  Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи  касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Нурхон Хаётзода, Аъзоёни Кумитаи тадорукот, варзишгарон, дӯстдорони футбол  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Ҳамин тавр, барои ҷойи сеюми мусобиқа тими Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов бо дастаи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” қуваозмоӣ намуд, ки дар натиҷа тими  “Шифобахш” бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз омада, ҷои сеюми мусобиқаро ба даст овард.

Барои ишғоли ҷои аввал дастаҳои   Хадамоти  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба майдони рақобат ворид гардиданд. Бозӣ миёни тимҳои мазкур пурҷӯшу хурӯш ҷараён гирифта, дар натиҷа тиими Хадамоти  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҳисоби 5 бар 1 ғолиб омада, соҳиби Ҷоми калон, медалҳои тилло, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва   Ифтихорномаи  якҷояи Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Тоҷикистон гардид.

Ҷойи дуюм бошад, насиби тими Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гашт.

Қобили зикр аст, ки ғолибони ҷойҳои ифтихории мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ низ қадрдонӣ шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,479
  • 2,153
  • 988,061