Боздиди намояндагони Бонки Осиёии рушд аз ноҳияи Файзобод

Боздиди намояндагони Бонки Осиёии рушд аз ноҳияи Файзобод
Август 30
16:37 2024
Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияи Файзобод ва натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” сафари расмии Ним Дордҷи, иҷрокунандаи алтернативии директори Бонки Осиёии рушд ба ноҳияи Файзобод сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки сафари Ним Дордҷи, иҷрокунандаи алтернативии директори Бонки Осиёии рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 август оғоз шуда, то ба 31 августи соли равон идома хоҳад намуд.
Дар ҳайати гурӯҳ, ҳамзамон Шенни Кэмпбелл, намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Смита Сарангӣ, мушовири директори иҷроияи Бонки Осиёии шуд ҳузур доштанд. Гурӯҳи кориро Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ҳамкорӣ намуданд.
Ҳайати гурӯҳро Мансур Каримзода, раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифта, намояндагони Бонки Осиёии рушд нахуст аз рафти корҳои сохтмонии иншооти тандурустии ноҳияи Файзобод, ки дар доираи маблағгузории Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, дидан намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи таҷрибавии Файзобод сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказии ноҳия ҷараён дошта, корҳои навсозӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Гурӯи корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати бо ин раванд ба итмом расонидани рафти корҳо ибрози назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки сафари гурӯҳи кории намояндагони Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии Ним Дордҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории таҳти маблағгузории Бонк амалишаванда арзёбӣ гардида, аз раванди татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, таи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд густариш пайдо намуда, дар ин замина як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф татбиқ карда шудаанд, ки нақши онҳо дар рушду намӯӣ соҳаҳои хоҷагии халқ муассир арзёбӣ мегардад.
Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ низ дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ҳадафманд буда, ҷиҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат нақши босазо гузоштаанд, ки татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз зумраи онҳо дониста мешавад.
Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, такмил ва беҳтаркунии инфрасохтор ва таҷҳизот, баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Файзободу Рашт ва Шамсиддин Шоҳин, ки аз ҳадафҳои аслии Лоиҳа маънидод мегардад, имрӯзҳо дар сатҳи хуб бароҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ баро модар ва кӯдак” маҳз дар ноҳияҳое сурат гирифт, ки ҳолати инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ҷавобгӯй ба талаботи давр набуд, норасоии таҷҳизоти муосири тиббӣ ба раванди хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ монеагӣ эҷод менамуд, ки интихоб ва татбиқи Лоиҳа дар ноҳияи Файзобод низ маҳз ба хотири ислоҳи чунин камбудиҳо буд.
Маҳз бо дарки чунин мушкилот ва ҳалли саривақтии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии рушд татбиқи Лоиҳаи мазкурро дар ноҳияҳои таҷрибавии болозикр ва хосатан Файзобод амалӣ намуданд.
Аз рӯи нақша дар назар дошта шудааст, ки бо таъмиру азнавсозии Беморхонаи марказии ноҳиявӣ иборат аз 10 шӯъба 216 кати бистарӣ таъмин карда шуда, сохтмони маркази ташхису табобат иборат аз 6 шӯъба бо иқтидори 28 кати бистарӣ ба роҳ монда шавад.
Инчунин дар доираи амалигардонии Лоиҳа азнавсозии инфрасохтор (шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, барқ), сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ (кисларод) ба нақша гирифта шудааст.
Баъд аз корҳои сохтмонӣ иншооти мазкӯр бо тамоми дастгоҳ ва лавозимоти тиббиву маишӣ таъмин карда мешаванд.
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо намояндагони Бонки Осиёии рушд татбиқи Лоиҳаи мазкурро яке аз дастовард дар заминаи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд муаррифӣ намуда, зикр дошт, ки татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ба рушду намӯи тиб заминаи хубе фароҳам меоварад.
Дар навбати хеш Ним Дордҷи, иҷрокунандаи алтернативии директори Бонки Осиёии рушд умедворӣ зоҳир намуд, ки таҳти ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осёии рушд татбиқ гардидани чунин лоиҳаҳо дар бахшҳои мухталиф ва хосатан тандурустӣ ба рушди бемайлони соҳа такони ҷоиддӣ хоҳад бахшид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 803
  • 1,236
  • 1,023,107