Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”

Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”
Май 30
13:53 2018

“Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” таҳти ин унвон имрӯз дар  Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе,  Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуд.

Дар расми баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ Мирҳамуддин Камолзода,  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Игор Поканевич,  роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилором Содиқова, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Намояндагии Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зиддии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “ХОУП” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Лоиҳаҳои амалкунанда дар самти тандурустӣ ва масъулини дигар созмону ширкатҳои байналмиллалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори чорабинии мазкур, ҳамзамон кормандон ва сардорони саёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбароият ва директорони Муассисаҳои зертобеи вазорат, намояндагони як қатор  вазорату идораҳои кишвар ҳузур доштанд.

Дар расми баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ  маърузачиён зери сарлавҳаҳои “Ҷанбаҳои калидии “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, “Ҷараёни амалисозии дастур оид ба “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, қадамҳои аввалин”, “Нақши муассисаҳои КАТС дар доираи амалисозии дастур оид ба “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, қадамҳои аввалин” ва ғ баромад намуда, диққати ҳозиринро ба масоили дарҷгардида ҷалб намуданд.

Мирҳамуддин Камолзода,  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сухани ифтитоҳии хеш аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии сокинон ва дар заминаи он муҳайё гардидани шароити мусоиди табобатӣ дар кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин вобаста ба доро будани имкониятҳои табобатӣ аз чониби сокинон дар кишвар муфассал маълумот дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 740
  • 1,242
  • 949,760