Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Файзобод

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Файзобод
Июн 01
13:11 2018

Маврид ба зикр аст, ки  тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати таъмини рушди насли навраси ояндасози миллат, махсусан дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва аз оилаҳои осебпазир имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд  чорабиниҳои гуногун ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон баргузор гардиданд.

Дар доираи чорабиниҳои андешидашуда ифтитоҳи Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди “Умед” дар ноҳияи Файзобод, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фармоиши иҷтимоии давлатӣ тавассути Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи кормандони иҷтимоӣ “Фароштурук” ташкил ёфтааст, баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази мазкур ва таҷлили Рӯзи байналмилалии муофизати кӯдакон намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, кормандони беморхонаи марказӣ  ва шабакаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва волидайни онҳо иштирок намуданд.

Пас аз табрики кӯдакон аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, аз ҷониби ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ пешкаш гардида, ба кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки гириди дастархони идона ҷамъ омада буданд, тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Бояд қайд кард, ки тавассути ташкили Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар як сол беш аз 200 нафар кӯдакон ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд ва тавонбахшии онҳо дар маҳалли зист таъмин мегардад. Дар баробари ин, тавассути ташкили ин Марказ, ҳамчунин,  12 ҷойи кории нав дар ноҳия пайдо шуд.  Бо назардошти ин роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ҷиҳати изҳори ғамхорӣ нисбати кӯдакони имконияташон маҳдуди ноҳия ва мусоидат ба солимгардонӣ ва барқарорсозии қобилиятҳои онҳо миннатдорӣ баён намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 646
  • 1,242
  • 949,666