РУШДИ БОСУРЪАТИ БАХШИ ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВУ БОФТАҲО ДАР КИШВАР

РУШДИ БОСУРЪАТИ БАХШИ ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВУ БОФТАҲО ДАР КИШВАР
Июл 04
06:59 2018

Соҳаи тандурустӣ аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии кишвар дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор гирифт ва яке аз соҳаҳои авлавиятдоштаи ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёфту ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Сиёсати хирадмандонаву дастурҳои ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пештару бештар ба солимии аҳолӣ, ҳифзи тандурустии ҷомеа ва рушди бомайлони соҳаи тиб нигаронида шудаанд, барои инкишофу такмил ва тавсеаи доираҳои амали бахшҳои мухталифи тандурустӣ заминаҳои мусоиду имкониятҳои васеъро фароҳам овардаанд. Дар партави сиёсати дурандешонаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дараҷаи тахассусмандии кормандони соҳа сол ба сол беҳтар гардида, барои беморони дохиливу хориҷӣ шароити замонавии табобат ва муолиҷаи дастрас муҳайё мешавад. Тайи солҳои охир дар кишвар шуъбаву марказҳои тиббие ифтитоҳ ёфтанд, ки вобаста ба самти фаъолият ва ҳайати мутахассисонашон натанҳо дар минтақа, балки дар дунё камназиранд.

Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” аз зумраи он марказҳои тиббиест, ки аз лиҳози муолиҷаи муосиру самаранок ва хизматрасонии дастрас дар миқёси ҷаҳон мавқеи намоён дорад. Новобаста ба он ки ин марказ тозатаъсис аст, аммо тавонистааст, дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад ва дар бахши пайвандсозӣ пешгом гардад. Тавре муовини директори ин муассисаи давлатӣ Файзалӣ Мавлонов иброз дошт, айни ҳол марказ дар се самт: пайванди гурда ва ғадуди зери меъда, пайванди ҷигар ва пайванди мағзи устухон фаъолият намуда, дар он барои муолиҷаи беморон тамоми шароиту имкониятҳои муосир мавҷуданд. Ба гуфтаи номбурда, таҷҳизоту дастгоҳҳои марказ ҳамагӣ замонавиву гаронарзиш буда, аз пешрафтатарин молҳои истеҳсоли Олмон мебошанд ва пайваста аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмилу таҷдид мегарданд. Файзалӣ Мавлонов изҳор дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранокии фаъолияти марказ пайваста мусоидат намуда, онро бо тамоми шароиту дастгоҳҳои лозимаву муосир таъмин менамояд ва ёдовар шуд, ки чанде пештар аз сӯйи вазорат як адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, ки тақрибан 1 миллион сомонӣ арзиш дорад, харидорӣ гардида, ба марказ тақдим карда шудааст. Дар мавриди дараҷаи тахассусии ҳайати кормандони муассиса номбурда қайд намуд, ки аксари онҳо ҷавон буда, новобаста ба ин, ҳама табибони дараҷаи олӣ ва аълочии тандурустӣ ҳастанд ва дар шаҳрҳои мухталифи кишварҳои дунё, аз ҷумла, дар Маскаву Санкт-Петербург, Боку ва ғайра бозомӯзӣ дидаанд.

Қобили зикр аст, ки аввалин ҷарроҳии пайвандсозии узв дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” моҳи майи соли 2011 бо муваффақият амалӣ гардид, ки роҳро барои фаъолиятҳои минбаъда боз намуд. Ҳамин буд, ки аз соли 2012 муроҷиати шаҳрвандон, бавежа шаҳрвандони хориҷӣ ба марказ афзоиш ёфт ва то имрӯз зиёда аз 500 амали пайванд гузаронида шудааст. Танҳо дар соли гузашта116 нафар ҷарроҳии пайванди хешовандии гурда,  30 нафар ҷарроҳии пайванди хешутабории ҷигар ва 3 нафар ҷарроҳии пайванди мағзи устухон карда шуданд. Ба гуфтаи муовини директори муассиса Файзалӣ Мавлонов дар ибтидои кор бештар шаҳрвандони ҳамсоякишвари Қирғизистон ва Федератсияи Россия барои муолиҷа муроҷиат мекарданд, аммо солҳои охир шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Украина ва ҳатто шаҳрвандони кишварҳои дуре ба монанди Исроил, Испания, Лубнон, Амороти Муттаҳидаи Араб низ ба марказ рӯй меоранд. Айни замон дар ин маркази илмӣ 12 тан шаҳрванди хориҷӣ барои амали пайванд бистарӣ ҳастанд, ки аз онҳо 6 тан донори узв ва 6 тани дигар худи беморон мебошанд. Агар то 6 шаш соли пеш шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсояву минтақа барои амали пайванд ба давлатҳои Аврупову Ҳиндустон мерафтанд, имрӯзҳо онҳо аз Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” шифо металабанд. Ба андешаи муовини директори муассиса Файзалӣ Мавлонов агар наздик будани марказ яке аз далелҳои рӯйоварии шаҳрвандон бошад, замонавию самаранок будани табобат, камназирӣ ва дастрас будани арзиши хизматрасониҳои тиббии марказ аз далелҳои дигари муроҷиати шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ ба шумор меравад. Барои тақвияти андеша номбурда изҳор дошт, ки танҳо аз 2016 то ин ҷониб ба 200 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла ба шаҳрвандони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҷарроҳии метаболитикии навъи дуюми диабети қанд гузаронида шудааст.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки муассиса дар бахши пайванди хешовандии ҷигар низ фаъол аст ва шумораи марказҳое, ки дар ин бахш кор мекунанд, дар тамоми ҷаҳон танҳо 10-12 ададро ташкил медиҳанд, ки маркази тоҷикистонӣ яке аз онҳост. Тавре мудири шуъбаи эҳёи муассисаи мазкур Бозоралӣ Назаров иттилоъ дод, айни замон дар марказ ду тан шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бистарӣ ҳастанд, ки ҷарроҳии пайванди хешовандии ҷигарро паси сар намудаанд. Номбурда афзуд, ки онҳо 5 рӯз пеш аз ин ҷарроҳӣ шудаанд ва айни ҳол вазъи саломатияшон хеле хуб, натиҷаи ташхисоташон низ қонеъкунанда арзёбӣ мегардад ва аллакай фаъолона роҳ мегарданд. Дар мавриди муддати бистарӣ мондани беморон мудири шуъбаи эҳё иброз дошт, ки вобаста ба натиҷаҳои ҷарроҳиву ташхисҳо беморон бояд то 2 ҳафтаи баъди амали пайванд бистарӣ бошанд. Бозоралӣ Назаров дар бораи шароиту имкониятҳои шуъбаҳои марказ иттилоъ дода, қайд намуд, ки ҳамаи онҳо бо таҷҳизоту дастгоҳҳои заруриву муосир муҷаҳҳаз буда, имкони қабулу муолиҷаи бештари беморонро доранд. Мавсуф зикр кард, ки мутахассисони муассиса тавони дар як рӯз анҷом додани то 4 амали пайвандро доранд ва ёдовар гардид, ки онҳо танҳо рӯзи 22 июни соли равон 2 нафарро бо муваффақият барои пайванди хешовандии гурда ҷарроҳӣ намудаанд.

Шуъбаи навтаъсиси пайванди мағзи устухон низ ба пешрафтҳои чашмрасе ноил гардидааст. Ин шуъба ҳам монанди дигар шуъбаҳои Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” аз ҳисоби табибони дараҷаи олӣ ташкил ёфтааст ва ҳамаи кормандони ҳайати он дар кишварҳои хориҷаи дуру наздик аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Ба иттилои корманди шуъба, табиби дараҷаи олӣ Нуралӣ Ашӯралиев, ҳарчанд шуъба соли 2017 ба фаъолият оғоз намудааст, аммо ҳанӯз соли 2016 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгоҳи гаронарзиши пайванди мағзи устухон – Spectra Optia, ки истеҳсоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост, таъмин гардидааст. Номбурда афзуд, ки тамоми ҳуҷраҳои шуъба бо дастгоҳу таҷҳизоти лозимаву замонавӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои беморон дорои шифтҳои ламинарӣ (яъне шифтҳое, ки боду ҳавои ҳуҷраро тоза нигоҳ медоранд) мебошанд ва барои суҳбат бо хешовандону наздикон дар назди кати ҳар бемор телефон насб шудааст. Тибқи иттилои Нуралӣ Ашӯралиев тӯли як соли фаъолият, яъне соли 2017 дар шуъба ба 3 нафар ҷарроҳии пайванди мағзи устухон амалӣ карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки нишондоди нимсолаи аввали соли ҷорӣ аллакай ба нишондоди солонаи соли гузашта баробар шудааст, яъне аз оғози соли 2018 то имрӯз аллакай ба 3 нафар ҷарроҳии пайванди мағзи устухон амалӣ гардидааст. Мавсуф қайд намуд, ки шуъба ба муолиҷаи беморони онкологӣ машғул буда, айни замон беморони онҳо танҳо бо роҳи аутотрансплантатсия (яъне пайванди мағзи устухон аз бемор ба худи ӯ) табобат мешаванд ва дар назар аст, ки дар ояндаи наздик ба табобат бо роҳи аллотрансплантатсия (пайванди мағзи устухон аз донор ба бемор) низ оғоз намоянд. Зикр гардид, ки арзиши хизматрасониҳои тиббӣ дар марказ дастрас буда, нисбат ба дигар давлаҳои хориҷа, ки барои чунин пайвандсозӣ на кам аз 20 ҳазор доллари ИМА талаб менамоянд, бамаротиб арзонтар аст.

Аз суҳбат бо табибону беморон ва ошноӣ бо вазъу шароити Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” муайян гардид, ки ҳанӯз қисмати бештари аҳолии кишвар аз мавҷудияту фаъолияти ин марказ ба далелҳои барои мо норӯшан огаҳӣ надоранд.

Мушкили дигар дар зеҳният ё худ менталитети мардуми мост, ки дараҷаи фарҳанги тиббияшон дар баъзе мавридҳо нигаронкунанда ба назар мерасад. Масалан, ҳанӯз мо одат накардаем ва натавонистаем бипазирем, ки узвҳои як хешованди ба марги мағзӣ гирифторшудаамон дар пайи иҷозаи мо метавонад ҷони то 10-12 нафарро наҷот диҳад. Ба гуфтаи муовини директори муассисаи мазкур Файзалӣ Мавлонов ҳанӯз боре иттифоқ науфтодааст, ки хешовандони шахси гирифтори марги мағзӣ ба гирифтани аъзои бемор иҷоза дода бошанд ва узвҳои он барои дигар беморон мояи наҷот шуда бошад. Номбурда таъкид дошт, ки ин таҷриба дар дигар кишварҳо собиқаи чандинсола дорад ва шояд замони он расидааст, ки дар кишвари мо низ мардум ба он рӯй оранд ва ба назари нек баҳо бидиҳанд.

              Эҳсон ТУРСУНОВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 636
  • 1,242
  • 949,656