Сӯбҳи имрӯз бо иштироки бевоситаи Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як шӯъбаи Беморхонаи марказии шахри Турсунзода, ки ҷадидан мавриди таъмиру тармим қарор гирифт, ба истифода дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин маросим шуъбаи инфексионии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шахри Турсунзода, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо оҷонсии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози ТИКА, ки аз таъмири кул бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки то ба имрӯз наздики 300 000 нафар сокинони шаҳри Турсунзода, ки бевосита ҷиҳати расонидани ёрии тиббӣ ба ин беморхона муроҷиат менамуданд, аз ҷиҳати мавҷуд набудани таҷҳизоти тиббии замонавӣ дар муассиса танқиси мекашиданд. Аз ин ба баъд бо муҳайё гардидани чунин шароити хуби хизматрасони тиббӣ ин мушкилоти муроҷиаткунандагони беморхона бартараф гардида, ходимони шӯъбаи инфексионии кудаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода имкон пайдо намуданд, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, хамасола наздики 3 000 беморро кабул намояд.