Даври сеюми омўзишии «менеҷери тандурустии ҷамъиятӣ»

Октябр 19
15:48 2018

Даври сеюми омўзишии «менеҷери тандурустии ҷамъиятӣ»

22 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе даври сеюми давраи омўзишии «менеҷери тандурустии ҷамъиятӣ» бо баргузории мизи мудаввар расман ифтитоҳ карда мешавад. Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд иштирок менамоянд.

Мақсади давраи омўзишӣ беҳтаркунонии малакаҳои идоракунии кормандони соҳаи тандурустӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) буда, давраи омўзиши яксола дорои хусусияти инноватсионӣ ва самти амалия мебошад

Давраи омўзишӣ аз тарафи МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии Лоиҳаи «Беҳтаркунонии хизматрасонии кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ» (ҳамчун Лоиҳаи Сино маъруф аст), ки аз тарафи Агентии Швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ (АШРҲ) маблағгузорӣ карда мешавад, таҳия гардидааст. Бояд гуфт, ки лоиҳаи Сино бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми зиёда аз 15 сол аст, ки ҳамкорӣ менамоянд.

Барномаи таълимии давраи омўзишӣ, ки аз 10 модул иборат мебошад, махсус ба шароити сатҳи КАТС дар Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Танҳо аз чор як ҳиссаи соатҳои таълимӣ аз рўи ҳар як модул ба омўзиши бо тарк аз истеҳсолот сарф шуда, дар машғулиятҳо дар омўзиш усулҳои дидактикии муосир истифода карда мешаванд.

Аз тарафи гурўҳҳои кории бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис додашуда, ки аз мутахассисони калидии вазорат, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, МҶТТҲС, МҶТКТО, ДДТТ иборатанд, модулҳои таълимӣ оид ба бизнеснақшагирӣ ва кор бо ҷомеа оид ба масъалаҳои саломатиро барои ҳамгироӣ ба модулҳои таълимӣ таҳия намуданд, инчунин бо иштироки коршиносони байналмилалӣ 10 модули таълимӣ боздид карда шуданд.

Давраи омўзишӣ алакай ду маротиба гузаронида шуд ва аз тарафи коршиносони дихилию хориҷӣ бениҳоят баланд баҳогузорӣ карда шуд, фикру ақидаи иштирокчиёни он барои мунтазам беҳтаркунии давраи омўзишӣ истифода гардиданд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 957
  • 1,242
  • 949,977