Бо мақсади гузаронидани ҷарроҳӣ миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 6 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон омадаанд.
Тавре аз Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба moh.tj иттилоъ доданд, 13 апрели соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», инчунин зери сарпарастии Муассисаи «Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум»-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» давраи баргузории ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ройгон оғоз гардид.
-Мақсади иқдоми мазкур дастгирӣ ва кӯмак ба нафарони камбизоат буда, ба солимгардонии кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил равона гардидааст,-афзуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки мутахассисони барои амалиёти ҷарроҳӣ ҷалбшуда аз Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ирландия, Баҳрайн ва Германия буда, ҳамзамон мутахассисони варзидаи тоҷик низ дар гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил иштирок менамоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, тайи рӯзҳои 8-12 апрел зиёда аз 470 нафар кӯдакон аз ташхис гузашта, 100 нафар кӯдаконе, ки бо сабаби доштани бемории нуқсони модарзодии дил зери хатар қарор доштанд, барои амалиёти ҷарроҳӣ тавсия шуданд. Давоми се рӯз 15 нафари онҳо бо роҳи эндоваскулярӣ ва 9 нафари дигар бо роҳи ҷарроҳии кушод бо мувафақият ҷарроҳӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки амалиёти ҷарроҳӣ дар муассисаи мазкур то 21 апрели соли равон давом дошта, то ин муддат 70 нафар бо роҳи эндоваскулярӣ ва 30 нафари дигар бо роҳи амалиёти кушод ҷарроҳӣ хоханд шуд.