Ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид

Ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид
Декабр 23
14:46 2020

Имрӯз, 23 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодихони Ҷамшед, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (сарпарастони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ) ва доираи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдор, сардорони шӯъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудирон ва мутахассисон-коргузорон оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоии бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

ар ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳо то охири соли 2021 муовини директори агентӣ Назархудо Дилшодов, дар бораи рафти таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои яквақтаина ва кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2020  сардори Раёсати кафолати кӯмакҳои иҷтимоӣ Абдурасулова Г баромад намуданд.

Дар робита ба  масъалаҳои баррасишуда ба роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  сардорони шӯъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудирон ва мутахассисон-коргузорон оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоии бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои қатъи дода шуда, вазифаҳои соҳа то охири соли 2021 муайян карда шуданд.

Дар маҷмӯъ фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ  мусбӣ арзёбӣ гардида, қарори Шӯро бо супоришҳои дахлдор дастраси масъулин мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 955
  • 1,242
  • 949,975