Хатлон: дар се моҳ 12 марказ ва бунгоҳи саломатӣ сохта ба истифода дода шуд

 Хабарҳо
Хатлон: дар се моҳ 12 марказ ва бунгоҳи саломатӣ сохта ба истифода дода шуд
Апрел 15
10:26 2019

Давоми се моҳи соли 2019 дар қаламрави вилояти Хатлон 3 адад марказ ва 9 адад бунгоҳи саломатии деҳот сохта ба истифода дода шуда, айни замон сохтмони  11 бунгоҳи саломатии дигар идома дорад.

Дар ин бора аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба moh.tj иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Ҷ. Балхӣ ва Хуросон бунгоҳҳои саломатии “Заркамар”, “Истиқлол”, “Навзамин”, “Ҷавонӣ”, “Баҳористон” ва Маркази саломатии деҳоти Лоҳутӣ  ва ҷамоати деҳоти  Холевард  ба истифода дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки айни ҳол дар қаламрави вилояти Хатлон 28 адад маркази саломатии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, 364 маркази саломатии деҳот ва 706 бунгоҳи саломатӣ фаъолият менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа ба Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи Донишкадаи  таҳсилоти баъдидипломӣ дар шаҳри Бохтар ва дар маркази тахсилоти баъдидипломии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино 95 нафар  шунаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таҳсил фаро гирифта  шудаанд, ки аз онҳо 18 нафар табибон ва 84  нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692