Табибони Тоҷикистону Чин дар самти ворид намудани усулҳои нави табобат табодули таҷриба менамоянд

Дар доираи ҳамкориҳои судманди дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ бо дастгирии кишвари Чин 10 нафар кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил ҳамроҳ бо як нафар аз волидайни худ барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин давлат барои табобат ба таври ройгон сафарбар карда мешаванд.

Имрӯз, 12 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сафарбар гардидани кӯдакони тоҷик ба ин кишвар дар вохӯрии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн баррасӣ гашт.

Зулфия Абдусаматзода меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба он ҷониб изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади иштирок дар раванди ҷарроҳӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами мутахассисони чинӣ мутахассисони тоҷик низ ба кишвари Чин сафарбар карда хоҳанд шуд, ки ин барои дар оянда дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат мусоидат хоҳад кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search