Тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд бо мутахассисони кишварҳои гуногуни олам ва дар ин замина ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи ҷарроҳони кишвари Швейтсария бо мақсади ба таври васеъ ҷори намудани усулҳои ташхиси муосири гистологии бемории гиршпрунг дар Тоҷикистон мутахассиси варзидаи соҳаи тиб аз Беморхонаи кудаконаи шаҳри Ливерпули Британияи Кабир Шриватос ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар доираи ташрифи хеш номбурда дар шуъбаи анатомияи паталогии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Озмоишгоҳи патоморфологии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо мутахассисони ватанӣ дар самти ҷори намудани усулҳои ташхиси гистологии бемории гиршпрунг дар Тоҷикистон табодули таҷриба намуд.
Тавре Ҷураев Олим, мудири шуъбаи анатомияи паталогии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” иброз дошт, бемории гиршпрунг нуқси модарзодии рудаҳо мебошад, ки аз сабаби набудани ҳуҷайраҳои асаб (ганглияҳо) ба вуҷуд меояд ва боиси қабзияти музмин дар кӯдакон мегардад.
Ҳамин тавр, ташхиси дақиқ тавассути биопсия имкон медиҳад, ки ҷарроҳон қисми ғайрифаъоли руда дуруст муайян ва табобат карда шавад.
Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки бемории гиршпрунг қаблан яке аз мушкилтарин патологияҳо барои ташхис буд. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани ташхиси муосири гистологӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки акнун хатогиҳои ташхисӣ кам шуда, сифати ташхиси морфологӣ ба куллӣ тағйир ёбад.
Ба назари мутахассисони соҳаи тиб, бе ташхиси дақиқи мавҷудияти ганглияҳо ҷарроҳӣ наметавонад муваффақ бошад. Бинобар ин, маҳз вазифаи патологоанатом аст, ки сарҳади бофтаҳои солим ва беморро муайян кунад. Аз ин ру, протоколҳои нав ба ҷарроҳон имкон медиҳанд, ки танҳо қисми заруриро ҷарроҳӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан шаҳрвандони мамлакат барои анҷом додани ташхиси муосири гистологии бемории гиршпрунг ба хориҷи кишвар низ сафар мекарданд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани усулҳои нави ташхис ва табобати бемории мазкур шаҳрвандони мамлакат метавонанд ба хориҷи кишвар нарафта, дар дохили Тоҷикистон ба таври пурра ба чунин усулҳои нави ташхису табобат дастрасӣ дошта бошанд.
Ба роҳ мондани табодули таҷриба бо мутахассиси варзидаи соҳаи тиб аз Беморхонаи кудаконаи шаҳри Ливерпули Британияи Кабир Шриватос дар ин самт як қадами муҳим дар соҳаи анатомияи патологии Тоҷикистон мебошад.


