Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Италия дар самти гузаронидани амалиётҳои мураккаби ҷарроҳии дил

Давоми солҳои охир маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат ва гузаронидани амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ як қатор навгониҳо ба даст оварда шуданд.

Бо фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид, аз ҷумла дастрасии дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва баланд бардоштани донишу таҷрибаи мутахассисони ватанӣ имкон даст дод, ки дар кишвар мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ низ ба беморон гузаронида шаванд.

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани табодули таҷриба миёни Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беморхонаи шаҳри Массаи кишвари Италия давоми солҳои охир як қатор амалиётҳои ҷарроҳии дил, аз ҷумла нуқсонҳои модарзодии дил гузаронида шуданд.

Аз ҷумла Виталий Пак, мутахассиси Беморхонаи шаҳри Массаи кишвари Италия ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ташриф оварда, якҷо бо ҳамтоёни хеш як қатор амалиётҳои ҷарроҳиро барои беморони дил, аз ҷумла барои кӯдакони гирифтори бемории нуқсонҳои дил гузаронид.

Зимни ташриф ба маркази номбурда мутахассиси Италия ҳамзамон бо табибони кишвар вобаста ба усулҳои нави ҷарроҳӣ ва табобати бемориҳои дил машғулиятҳои омӯзишӣ низ гузаронида, бо ҳамтоёни тоҷики хеш табодули таҷриба менамояд.

Тибқи иттилои Абдуҷабборов Абдусодиқ, сармутахисиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷарроҳии дил ва ҳамзамон мутахассиси маркази номбурда, дар назар аст, ки дар оянда низ ҳамкориҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бо Беморхонаи шаҳри Массаи кишвари Италия тақвият ёбанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Анна Попова

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён

Ҳабибулло Хайруллозода бо раванди хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Ёвон шинос шуд

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

Ҷаласаи гурӯҳи кории бисёрҷониба бо мақсади баҳодиҳии ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирии интиқоли ВНМО, гепатити вирусӣ ва оташак аз модар дар кӯдак дар Тоҷикистон доир гашт

Search