Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2026

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрику шодбош гуфта, бароятон бахту иқболи баланд, хушбахтиву саодати бепоёни рӯзгор ва дар соли ҷадид амалишавии кулли нияту нақшаҳои некатонро таманно менамоям.

Соли 2025, ки инак, дар лаҳзаҳои ба шумор моро падруд мегуяд, воқеан ҳам барои мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизамон соли фаромушнашаванда ва таърихӣ ба шумор меравад.

Кишвари азизи мо дар соли 2025 таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои бузурги давлатдорӣ боз ҳам қадамҳои устувор гузошта, ҳамзамон ба як қатор дастовардҳои беназир шарафёб гашт.

Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, 16-уми декабри соли ҷорӣ зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дохиливу хориҷӣ ва дар умум фаъолият, дастовардҳо ва дурнамои тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро дар даҳ соли охир ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷӣ муваффақиятҳои назаррасро ба даст овардааст.

Дар ин замина, боиси ифтихору сарфарозист, ки моҳи декабри соли 2025 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид се пешниҳоди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта ва доир ба ҳар кадоми он қатъномаҳои алоҳидаи ин созмони бонуфӯз, аз ҷумла қатъномаи махсус оид ба муҳити зист таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои куҳӣ», қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардиданд.

Ҳамзамон, моҳи декабри соли 2025 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.

Пазируфта шудани пешниҳодҳои кишвари мо аз ҷониби ин созмони бонуфӯзи олам бори дигар собит месозанд, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ сазовори обруву эътибори хоса аст, ки ин албатта, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки инчунин соли 2025 дар пойтахти мамлакати азизамон шаҳри Душанбеи ҳамешабаҳор аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар сатҳи баланд баргузор гашт, ки ин гувоҳ аз боло рафтани обру ва нуфӯзи кишвари азизи мо низ дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар соле, ки ҳамакнун сипарӣ мегардад, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд, аз ҷумла бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаву канори гуногуни кишвар даҳҳо муассисаҳои тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат табибони ватанӣ як қатор навгониҳои муҳимро низ дар соҳаи тибби кишвар дар амал иҷро намуданд, ки дастрасии сокинони кишвар ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ марҳила ба марҳила беҳтар гашта истодааст.

Боиси қаноматмандист, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Ватани биҳиштосоямон маҳз тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги таърихӣ-35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бо ҷушу хурӯш идома доранд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки соли 2026 низ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон соли пур аз дастоварду муваффақият гашта, мардуми кишвар барои расидан ба ҳадафҳои бузурги милливу давлатдорӣ аз пештара бештар талошу кӯшиш менамоянд.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар ҳамватанони гиромиро ба ифтихори фарорасии Соли нави мелодии 2026 аз самими қалб табрику шодбош гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Соли нави мелодии 2026 муборак!

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search