Субҳи имрӯз, 31-уми марти соли равон ҷомеаи меҳнатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд бо суруру шодмонӣ ва иҷрои анъанаву суннатҳои неки мардумӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалро истиқбол намуданд.
Дар чорабинии идона роҳбари гуруҳии кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари гуруҳии кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.
Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.
Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми башар боқӣ мемонад.
Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо кушишу талош ва иқдомҳои фарҳангпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри азнав зинда кардани иду ҷашнҳои миллии ниёгонамон тадбирҳои зарурӣ руи кор гирифта шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кулли табибон, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони соҳаро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Наврӯз дар таъриху тамаддуни мардуми ориёитабор рӯзи фараҳмандтарин, рӯзи нав, оғози соли нав ва эҳёи табиат ба ҳисоб меравад. Табиат дар ин айём аз нав эҳё гардида, ҳаёти нав оғоз мешавад. Дар байни тамоми ҷашну маросиме, ки аз замони қадим то ба имрӯз дар дунё таҷлил мешаванд, Наврӯз яке аз ҷашнҳои зеботарин ва муқаддамтарин ба ҳисоб меравад. Мардум ҷашни Наврӯзро бо як омодагии аҷиб интизор мешавад, либоси хеш ва ҷиҳози хонадонашро озода гардонида, манзилу макони хешро тамиз мекунад ва дастархони наврӯзиро бо маводи «ҳафтсин» – себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак ва «ҳафтшин» – шаҳду ширу шаробу шаккари ноб, шамъу шамшоду шойеъ оро ммедиҳад. Соли нави аҷдодӣ тараннумгари зебоиву накўӣ буда, як ҷузъи ҷудонопазири инсон ва табиат аст. Яъне дар нимкураи шимолии Замин фасли сармо поён меёбад ва рўзгори гарму нарм фаро мерасад. Кам шудани сардӣ, об шудани ях ва нарм шудани ҳаво ба одамон пайки шодӣ мерасонад.
Роҳбари гуруҳии кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз хаймаҳои наврузии шуъбаву сохторҳои Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд дидан намуда, ба сатҳи ташкилии он баҳои баланд доданд.
Сипас ба як қатор дӯстрӯякон тӯҳфаҳои идона тақдим гардид.
Барномаи фарҳангии наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуд.






