«Тасдиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон- ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор»

Имрӯз, 13-уми октябри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тасдиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон- ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мунира Каримзода, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Парвати Рамасвами, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Асадулло Зикрихудоев, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии шахсони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон”, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.

Мизи мудавварро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, ба аҳаммияти тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва зарурати муайян намудани вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалии татбиқи муқаррароти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард.

Ҳадафи чорабинӣ баррасии вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар заминаи тасдиқи он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муайян намудани роҳҳои таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои тибқи Конвенсия ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоршуда мебошад.

Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии ифтитоҳӣ иброз дошт, ки дар доираи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсат ва марзи ҳуқуқи ҷаҳонӣ як қадами устуворе гузошта, 01 октябри соли ҷорӣ расмиёти ратификатсияи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро расман ба анҷом расонид. Ин қадам натанҳо як расмиёти сатҳи байналмилалӣ, балки интихоби огоҳона ва стратегии давлати мо буда, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри риояи принсипҳои инсондӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарии умумӣ бармеояд.

Зикр гардид, ки ратификатсияи Конвенсия марҳилаи комилан нави сиёсати давлатиро нисбат ба шахсони маъюбиятдошта оғоз бахшида, шахсони дорои маъюбиятро ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ва фаъоли ҷомеа бо тамоми ҳуқуқу озодиҳояш эътироф менамояд. Ба ҷараёни дастрасии баробар ба таҳсилоти босифат, тандурустии муосир, шуғли арзанда ва инфрасохтор барои ин гурӯҳи шаҳрвандон дар тамоми манотиқи кишвар тақвият мебахшад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди соҳавӣ, то марҳилаи ратификатсия дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд тадбирҳои зиёдеро дар роҳи заминагузорӣ ба ратификатсияи Конвенсия амалӣ намудааст.

Таъкид шуд, ки вобаста ба муосиргардонии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, яъне такмилдиҳии Низоми арзёбии имкониятҳои функсионалии инсон дар асоси стандартҳои байналмилалӣ (Таснифоти байналмилалии фаъолият-ТБФ), рушд ва васеъгардонии хизматрасониҳои тавонбахшӣ бо таъсиси Шабакаи марказҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (реабилитатсия), дастрасии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути беҳдошти сифати хизматрасонии тиббӣ барои шахсони маъюбиятдошта дар ин самтҳо амалҳои зиёде ба иҷро расида, минбаъд низ тақвият дода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки муваффақияти татбиқи Конвенсия аз ҳамкории зичи байниидоравӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз шарикӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст.

“Акнун, зарур аст, ки фаъолияти минбаъдаи худро пеш аз ҳама ба таҳия ва тасдиқи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсия бо нишондиҳандаҳои дақиқ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ дар самти мубориза бар зидди тамғагузорӣ ва мониторингу арзёбии мунтазами дастовардҳоямон бо иштироки ҳатмии худи шахсони маъюбиятдошта равона намоем”,-дар хотимаи баромади худ иброз дошт Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Каримзода Мунира, Парвати Рамасвами ҳамоҳангсози Доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Ҷавҳарӣ Муҷибахон, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сурайё Дустмуродзода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукимӣ Нигора Аминзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона ва сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Қудратулло дар назди ҳозирин бо маърузаву гузоришҳо баромад намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram