Вазъи фаъолияти муассисаҳои тиббии хусусӣ ва ширкатҳои фарматсевтӣ баррасӣ шуд

11-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарони муассисаҳои тандурустии хусусӣ ва ширкатҳои фарматсевтии кишвар вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар самти ба бахши хусусӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар мамлакат баҳри фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббӣ низ шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин замина, номбурда таваҷҷӯҳи роҳбарияти муассисаҳои тиббии хусусӣ ва ширкатҳои фарматсевтиро ба масъалаҳои риояи қонунгузорӣ зимни фаъолияти корӣ, роҳ надодан ба муомилоти маводҳои дорувории мӯҳлати истеъмолашон гузашта ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ҷалб намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба дигар масъалаи мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search