ВМКБ. Ба истифода додани якчанд муассисаҳои КАТС пас аз сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур пас аз сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ якчанд муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар расми ифтитоҳи иншоотҳои нави тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва Раёсати тандурустии ВМКБ иштирок намуданд.

Аз ҷумла бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Бунгоҳи тиббии деҳаи Ҷавшангози ҷамоати деҳоти Сежди ноҳияи Роштқалъа, Бунгоҳи саломатии деҳаи Ёмчи ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷон ва Бунгоҳи тиббии деҳаи Спинзи ҷамоати деҳоти Сучон ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ифтитоҳи чунин бунгоҳҳои хуштарҳу замонавиро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони вилоят дар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ арзёбӣ кард.

Гуфта шуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои тиббии замонавӣ дар ин ноҳияҳои дурдасти кишвар бори дигар масъулияти кормандони соҳаро зиёд мегардонад, то бо истифода аз шароитҳои муҳайёгашта сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ беҳтар намоянд.

Дар навбати худ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат кормандони соҳаи тандурустии ноҳияҳои мазкурро ба масъалаҳои пешгирии фавти модару кӯдак, иммунизатсияи аҳолӣ, беҳтар кардани ёрии аввалияи тиббӣ, назорати беморон, саривақт огоҳ шудан аз вазъи саломатии маъюбону пиронсолон ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, баҳри боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти корӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои муфид дод.

Бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз Бунгоҳи тиббии деҳаи Сафедорони ҷамоати деҳоти Сағирдашт, Маркази саломатии деҳоти Нулванди ҷамоати деҳоти Нулванд пас аз сохтмон ва Бунгоҳи тиббии деҳаи Марғаки ҷамоати деҳоти Сағирдашт пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, Бунгоҳи тиббии деҳаи Япшорви ҷамоати деҳоти Савноб ва Бунгоҳи тиббии деҳаи Аҷирхи ҷамоати деҳоти Басиди ноҳияи Рӯшон, Бунгоҳи тиббии деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Рангкул и ноҳияи Мурғоб баъди сохтмон дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар баробари ин, Бунгоҳи тиббии Чухти шаҳри Хоруғ баъди азнавсозӣ ва Маркази солимии репродуктивии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ пас аз таъмири капиталӣ низ ба истифода дода шуданд.

Ба иттилои масъулин, дар ин муассисаҳои навбунёди тандурустӣ баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам гардида, онҳо бо таҷҳизоту лавозимотҳои зарурӣ таъмин гардидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои охир маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд.

Махсусан, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо маблағгузории давлатӣ якчанд муассисаҳои табобатию пешгирии замонавӣ сохта ва бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки баҳри хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search