Вобаста ба интиқоли бехатараии моддаҳои сироятӣ барои мутахассисони озмоишгоҳҳо даври омӯзишӣ доир гашт

24-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” маросими ифтитоҳи даври омӯзишии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба интиқоли бехатарии моддаҳои сироятӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, мутахассисони озмоишгоҳҳо ва намояндагони ТУТ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Абдухолиқ Амирзода дар суханронии худ аҳамияти риояи қатъии талаботи байналмилалӣ ва миллӣ дар ҳамлу нақли моддаҳои сироятӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳанро таъкид намуда, дар сурати нақзи ин қоидаҳо хатарҳои эҳтимолӣ ба саломатии инсон ва муҳити зистро қайд кард. “Таълими мутахассисон дар ин самт калиди беҳбуди техникаи бехатарӣ, риояи тамоми муқаррарот ва таъмини зудтари маводҳои биологӣ мебошад”, – гуфт номбурда.

Бояд қайд кард, ки даври омӯзишӣ аз ҷониби корманди техникии ТУТ оид ба масъалаҳои лабораторӣ Карен Нахапетян дар доираи чаҳорчӯбаи омодагӣ ба зукоми пандемиявӣ гузаронида мешавад.

Даври омӯзишӣ то 26-уми июни соли равон идома ёфта, дар он мутахассисони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи ташхиси озмоишгоҳӣ ва бехатарии биологӣ иштирок менамоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Зулфия Абдусаматзода бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Хатлон шинос шуд

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Баррасии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2025

Кӯҳистони Мастчоҳ: Машварати корӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ

Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Президенти Тоҷикистонро қайд карданд

Search