Имрӯз, 12-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбари навтаъйини намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото баргузор гашт. Дар вохурии мазкур ҳамзамон муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Исфандиёр Маҳмудзода, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҷаноби Ко Сакамоторо барои ба вазифаи роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик гуфта, аз ҳамкориҳои судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ин замина, гуфта шуд, ки айни замон дар соҳаи тандурустии мамлакат 2 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ шуда истодаанд, ки яке аз он Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни вохурӣ аз ҷумла зикр намуд, ки таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ҳадафманд буда, ҷиҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат нақши босазо гузоштаанд, ки татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз зумраи онҳо дониста мешавад.
Гуфта шуд, ки ҳадафи амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар соли сипаришуда гранти кумаки техникӣ барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд тасдиқ шуд, ки корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад. Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеа мебахшад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар қатори азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани онҳо, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тиббӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ, бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои дигари Лоиҳаи “Хизматрасонҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дониста мешаванд.
Дар интиҳои вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар заминаи сиёсати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд изҳори умедворӣ намуданд.