Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имай Сейҷу

Имрӯз, 26-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Имай Сейҷу вохурӣ намуд.

Зимни вохурӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳамкориҳои судманди вазорат бо намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон изҳори қаноматмандӣ карда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба ҷониби Ҷопон миннатдорӣ баён дошт.

Зикр гардид, ки намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон яке аз шарикони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки айни замон як қатор лоиҳаҳоро баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар амалӣ намуда истодааст.

Дар ин замина, мақсади вохурӣ идомаи ҳамкорӣ дар самти рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ арзёбӣ гашта, амалисозии яке аз лоиҳаҳои намунавӣ, ки дар ин самт ба таври таҷрибавӣ самаранок амалӣ гардид, махсус қайд карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Лоиҳаи беҳтаркунии сифати хизматрасонии КАТС ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла пешгирӣ, дарёфт ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, беҳтаркунии назорати антенаталии занони ҳомила, беҳтаркунии ғизо ва пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои тандурустӣ дар чор шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ, дар 8 адад марказҳои саломатии деҳотии интихобгардида самаранок амалӣ гардида истодааст.

Дар ҷараёни вохурӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро баҳри боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search