Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён

20-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гашт.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода сафирро барои ташриф ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди ду кишвари дусту бародар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси «Ёддошти тафоҳуми байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон», ки 10 марти соли 2008 ба имзо расидааст, муттасил пеш мераванд. Бо мақсади пайгирии иҷрои тавофуқот Кумитаи муштараки пайгирӣ фаъолона амал карда, масъалаҳои соҳавӣ мунтазам баррасӣ мешаванд.

Гуфта шуд, ки соҳаҳои гуногуни беҳдоштӣ, дармонӣ ва улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз қабили чарроҳии дил, табобати бемориҳои чашм, пайванди кулия, протезкунии пайвандҳо шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, метавонанд ба идомаи ҳамкориҳои ҳарду кишвар барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшанд.

“Дар самти тайёр кардани кадрҳои тиббӣ мо ба натиҷаҳои мушаххас ноил гаштаем. Аз ҷумла давоми нуҳ моҳи соли 2025 барои такмили ихтисос 61 табиб ба давраҳои кутоҳмуддат, 5 табиб ба барномаҳои дарозмуддати fellowship ва 1 нафар ба резидентура ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар гардиданд.

Инчунин, дар се соли охир 242 мутахассиси тоҷик дар муассисаҳои пешсафи Эрон омӯзиш дида, боз 60 нафари дигар барои давраҳои кутоҳмуддат ба нақша гирифта шудаанд. Риштаҳои илмӣ-таълимӣ бо донишгоҳҳои илмҳои тиббии Шероз, Теҳрон, Машҳад, Шаҳид Биҳиштӣ ва созишномаҳои амалкунанда бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино густариш меёбанд”,-иброз дошт зимни вохурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар ин кишвар, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тибби мамлакат, ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ байни ду кишвар, коргарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search