Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Такэмура Ёшимаса

Имрӯз, 07-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи нави Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такэмура Ёшимаса баргузор гашт.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаноби Такэмура Ёшимасаро ба муносибати таъин гардиданаш ба вазифаи намояндаи Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ба фаъолияти кории минбаъдааш барору муваффақият таманно кард.

Гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳоро бо Ҳукумати Япония ва Агентии JICA баланд арзёбӣ намуда, барои дастгириҳои пайваста дар рушди соҳаи тандурустии кишвар изҳори сипос менамояд.

Зикр шуд, ки тайи солҳои охир дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд як қатор лоиҳаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ амалӣ гардиданд.

Аз ҷумла, лоиҳаи таъмин намудани муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ бо нақлиётҳои ёрии таъҷилии тиббӣ яке аз ташаббусҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин лоиҳа масъалаи навсозии паркҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, ки қисми зиёди онҳо аз давраи пешин боқӣ монда буданд, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Лоиҳа дастрас намудани нақлиётҳои муқаррарӣ ва бисёргузарро барои минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ имкон фароҳам овард, ки ин барои баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба ёрии фаврии тиббӣ аҳамияти калон дорад.

-Мо саҳми JICA-ро дар татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» махсус таъкид менамоем. Татбиқи ин лоиҳаҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии махсусгардонидашуда, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ ва таҳкими иқтидори муассисаҳои тандурустӣ мусоидати назаррас намуд,-иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро дар ин самт иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘纸飞机易翻译比特浏览器mumu模拟器