Вохурии маҷозии Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони миссияи Бонки ҷаҳонӣ

2-юми апрели соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода дар ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба тасдиқ, таҳлил ва паҳн кардани натиҷаҳои тадқиқоти нимсолаи давраи “FASTR” иштирок ва бо намояндагони миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба фаъолияти лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ба тариқи маҷозӣ вохурӣ намуд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ҷониби Бонки ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.

Қайд гардид, ки дар кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағгузории бонки мазкур якчанд лоиҳаҳо бомуваффақият амалӣ шуда истодаанд, ки ин нишонаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ин бонк бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тавр, дар ҷаласаи корӣ муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои пешакии ду даври омӯзишии “FASTR” оид ба арзёбии даврии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии мамлакат баргузор гашт.

Тавре гуфта шуд, ин равиш имкон медиҳад, ки дар бораи вазъи кунунии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои кадрӣ, мавҷудияти инфрасохтор, доруворӣ, шароити санитарӣ ва ғайра маълумоти боэътимод ва саривақтӣ дастрас гардад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия гардида, ҳадафи он боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат мебошад.

Дар идомаи ҷаласаи маҷозӣ иштирокчиён доир ба самтҳои гуногуни татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” мубодилаи афкор намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search