Вохурии Миссияи Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи лоиҳа

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот баргузор гардид. Дар он раванди татбиқи лоиҳаи «Модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар Тоҷикистон», натиҷаҳои бадастомада ва самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла Анна Сухова ва Иван Шулгаро, хайрамақдам гуфта, барои дастгирии пайваста ва ҳамкории судманд дар самти рушди низоми ҳифзи иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақавӣ изҳори сипос намуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти такмили низоми ҳифзи иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дошта, татбиқи лоиҳа барои баланд бардоштани самаранокии хидматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори ниҳодҳои давлатӣ ва ташаккули механизмҳои муосири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Зимни мулоқот вазъи татбиқи ҷузъҳои алоҳидаи лоиҳа, мониторинг ва арзёбии натиҷаҳо, масъалаҳои харид ва идоракунии молиявӣ, инчунин хавфҳои экологӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.

Қайд гардид, ки навсозии низоми ҳифзи иҷтимоӣ танҳо ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав маҳдуд нашуда, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, такмили равандҳои хидматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, рушди низомҳои иттилоотӣ ва беҳтар намудани сифати идоракунии маълумотро низ талаб менамояд.

Дар ин замина, ба рушди инфрасохтори иттилоотӣ ва рақамикунонии равандҳо, таҳкими ҳамкории байни мақомоти давлатӣ ва истифодаи самараноки маълумоти рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи маблағҳои лоиҳа баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки расмиёти харид ва идоракунии молиявӣ мутобиқи талаботи Бонки ҷаҳонӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Дар охири мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи ҳамкории зич ва муколамаи созанда иброз намуда, изҳори итминон карданд, ки ҳамкории самаранок барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳа ва таҳкими минбаъдаи низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译