Ёвон. Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии тиббӣ ва корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ

Имрӯз, 26-уми феврали соли равон бо мақсади шиносоии бевосита пайдо намудан аз рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбату вохуриҳо бо беморон ва наздикони онҳо, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ёвон дидан ба амал овард.

Аснои сафари корӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи мазкур шинос шудаву аз рафти табобати як қатор беморон низ дидан карда, бо онҳо ва наздикону пайвандонашон сӯҳбат орост.

Дар идомаи боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти муассисаҳои соҳа масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ ба ифтихори таҷлили ҷашнҳои бузурги миллии дар пеш истода, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search