Семинари омӯзишӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо гепатити вирусӣ

Рӯзҳои 10-11 октябри соли 2024 дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Такмили малакаи рӯзноманигорон ва блогерон дар таҳия кардани мавод оид ба гепатитҳои вирусӣ ва инъикоси онҳо дар расонаҳо” баргузор гардид.

Дар семинари мазкур муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров, сироятшинос, номзади илмҳои тиб Мирҳоҷӣ Хуҷамуротов ва рӯзноманигор Раҷаб Мирзо иштирок ва суханрони намуданд.

Қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳи малакаи рӯзноманигорон ва блогерон оид ба инъикоси мавзуи гепатитҳои вирусӣ ва бунёди пойгоҳи иттилоотӣ барои дарки муҳимияти мушкилоти гепатитҳои вирусӣ  барои намояндагони муассисаҳои давлатӣ, кормандони тиб ва аҳолӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки  семинари омӯзишӣ  оид ба хусусиятҳои омода кардани матолиб барои матбуот, телевизион, радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба гепатитҳо, роҳҳои муосири ташхис, табобат ва пешгирии он, инчунин оид ба паст кардани сатҳи доғгузорӣ ва табъиз нисбати гирифторони бемории гепатитҳои вирусӣ ва аҳолии осебпазир ташкил ва баргузор гардидааст.

Бояд гуфт, ки семинари омӯзишӣ тибқи нақшаи муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” бо дастгирии ширкати фармасевтии амрикоии Gilead Science Inc дар доираи лоиҳаи “Мусоидат дар пешгирӣ ва мубориза бо гепатити вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои такмили малакаи рӯзноманигорон  ба роҳ монда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якчанд амалиёти ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд

Суғд: чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳавии “Саркор”дар шаҳри Турсунзода

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба истифода доданд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов

Дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб вохурӣ доир гашт

Search