“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

27-уми январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” бахшида ба “Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон” чорабинӣ доир гашт, ки дар он директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Муродзода, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, Маркази миллии солимии репродуктивӣ, акушер гинекологон аз марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳайати кормандони маркази мазкур ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбар Муродзода чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, доир ба таърихи пайдоиши ташаббуси глобалии “Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”, сабабҳои пайдоиши бемории мазкур, роҳҳои пешгирӣ ва дигар паҳлуҳои он баромад кард.

Қайд гардид, ки моҳи майи соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» тасдиқ шуда, татбиқи чорабиниҳои он тибқи нақша ҷараён дорад.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии чорабинӣин баланд бардоштани сатҳи дониши табибони оилавӣ, акушер-гинекологон ва дигар мутахассисон оид ба усулҳои муосири пешгирӣ ва скрининг, ташхиси бармаҳал, табобати мукаммал, аз ҷумла кумаки паллиативӣ, инчунин назорат ва барқарорсозии беморон бо саратони гарданаки бачадон мебошад.

Дар идома як қатор мутахассисони соҳа низ доир ба пешгирӣ ва ошкорсозии бармаҳали саратони гардани бачадон баромад карда, ба иштирокчиён маълумоти зарурӣ ва муфид пешниҳод карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram