Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Дар кинотеатри “Ватан” бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо намояндагонии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон оид ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемории фарбеҳӣ чорабинии иттилоотию маърифатӣ баргузор гашт, ки дар он донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур суҳбат ва викторинаҳо оид ба кам кардани хатари бемориҳои ғайрисироятӣ, нақши фаъолияти ҷисмонӣ дар таҳкими саломатии одамон ва умуман коҳиш додани вазни зиёдатӣ ва бемории фарбеҳӣ дар ҳама синну сол ташкил кардида, масъалаҳои мазкур муҳокимаронӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз шиору навиштаҷотҳо оид ба ғизои солим ва коҳиш додани хатари бемории фарбеҳӣ таҳия, нашр ва пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуданд.

Инчунин видеороликҳо дар байни гурӯҳҳои синну соли гуногун оид ба фаъолияти ҷисмонӣ аз ҷониби иштирокчиён бо хуб пазируфта шуда, дар рафти он ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинии мазкур-ин баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ вобаста ба манфиати машғул шудан ба тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои дуруст ба шумор меравад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Сафи докторони илмҳои тиб меафзояд. Тақдими дипломи дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб ба Давлатзода Гулҷаҳон Қобил

Саломуддин Юсуфӣ бо медали ҷашнии 30-солагии ҲХДТ сарфароз гардонида шуд

Ташхисҳои озмоишгоҳии ройгон ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ доир гашт

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Берлин: Ҳамкории Тоҷикистон ва ТУТ баррасӣ гашт

Search