Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Имрӯз, 18-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот кард.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нахуст меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирӣ аз соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён кард.

Дар ин замина қайд карда шуд, ки солҳои охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, ки ин аз кӯшишу заҳматҳои роҳбарони ҳарду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи мувофиқаҳои бадастомадаи дуҷониба, шиносоии меҳмонон бо вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гашта, ҷонибҳо баҳри рушди ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search