“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

Рӯзҳои 25 ва 26-уми декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзуи “Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ” семинари машваратӣ баргузор гашт, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора Аминзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсади он мухтасар суханронӣ кард.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки пешгирии коррупсия дар маркази диққати Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, баҳри решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеа давоми солҳои охир дар кишвар тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуда истодаанд.

Баъдан, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора Аминзода оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ баромад кард.

Дар идомаи семинари омӯзишӣ масъулин оид ба мафҳуми коррупсия аз таърих то ба имрӯз, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад, ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъсири минбаъдаи онҳо дар рушди кишвар, муқовимат бо коррупсия, принсипҳои он, субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда, чораҳои пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарӣ барои амалҳои коррупсионӣ (интизомӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, зимни семинари машваратӣ видеороликҳо оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои даст задан ба он манзури ҳозирин гардонида шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи “Нақша-чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2024” ва “Нақшаи амал вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2023-2024» тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор доранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

Ҷаласаи шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт

Семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирии бемории саратон

Search