РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ низ дар пайравӣ аз сиёсати ғамхорона ва инсондӯстонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешад.

Ба иттилои директори Озмоишгоҳи миллии референсӣ Баҳодур Холназар, дар давоми соли 2024 аз ҷониби озмоишгоҳи мазкур дар умум ба 2091 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 123305  сомонӣ ба тариқи ройгон 6793  ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шудааст.

Роҳбарияти озмоишгоҳи мазкур минбаъд низ фаъолияти хешро дар самти дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ равона хоҳад сохт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Хуҷанд. Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои нави тандурустӣ

Нишасти кории Платформаи минтақавӣ оид ба таҳкими иқтидор ва шарикӣ дар соҳаи ғизо барои кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ доир гашт

Мизи мудаввар оид ба пешгирии зукоми мавсимӣ

Вохурии Ҳабибулло Хайруллозода бо JICA

Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Италия дар самти гузаронидани амалиётҳои мураккаби ҷарроҳии дил

Дастгирии табақаҳои ниёзманд-дар маркази таваҷҷуҳ

Search