Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо ҷараёни сифати таълиму тарбия, санҷиши сифати дарсомӯзии донишҷӯён имрӯз, 11-уми феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф овард.

Аснои боздид аз донишгоҳи мазкур номбурда ба як қатор синфхонаҳои таълимӣ ташриф оварда, бо рафти дарсомӯзии донишҷӯён, инчунин бо раванди таълиму тарбия дар ин муассисаи олии таълимӣ шинос гашт.

Зимни суҳбат бо устодону донишҷӯёни ин даргоҳи таълимӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти боз ҳам баланд бардоштани раванди таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб, беҳтар кардани фаъолияти кафедраҳои таълимии соҳавӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ба самъи ҳозирин расонид.

Дар навбати худ Ҷамолиддин Абдуллозода аз табибони оянда даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиди фароҳамгашта тамоми кушишу талоши хешро баҳри ҳарчи бештар азхуд кардани илму дониш, нозукиҳои ин пеша, равишҳои муосири илму технология ва навгониҳои соҳа равона сохта, аз донишу таҷрибаи устодон самаранок истифода баранд, то дар оянда ҳамчун мутахассиси баландихтисос дар таъмини солимии аҳолӣ саҳми хешро гузоранд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия, раванди донишомӯзии донишҷӯён ва бартараф кардани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба устодон ва масъулини донишгоҳи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Эрон. Иштироки табибони тоҷик дар даври омӯзишӣ

Search