Даври омӯзишӣ ҷиҳати ба роҳ мондани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо

Санаи 27-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ҷиҳати ба роҳ мондани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори вазорат машғулияти омӯзишӣ доир гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода доир ба зарурияти ба роҳ мондани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар ин самт ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа баромад кард.

Дар идомаи даври омӯзишӣ сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба идоракунӣ ва рақамикунонии системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ, директори Муассисаи давлатии “Маркази иттилоотӣ ва низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷаборов Бежан Акобирович доир ба тарзи ба роҳ мондани системаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Қайд карда шуд, ки ба роҳ мондани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар фаъолияти корӣ талаботи замон буда, он пеш аз ҳама ба осон кардани тарзи корбарии ҳуҷҷатҳо равона гардидааст.

Дар навбати худ, иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур саволҳо дода, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器