Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2025, №197 Сафарзода Абдулло Мумин директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Маросими муаррифии директори нави Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳби имрӯз, 19-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Сафарзода Абдулло Мумин 10-уми июли соли 1969 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Солҳои 1984-1988 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кулоб ва соли 2001 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст.
Давоми солҳои 1988-1990 хизмати ҳарбиро дар сафи қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳри Серпухови Федератсияи Россия адо намудааст.
Фаъолияти кориашро давоми солҳои солҳои 1990-1994 ба ҳайси бародари тиббии шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара оғоз карда, инчунин солҳои 1994 шунавандаи шуъбаи тайёрии Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буд.
Солҳои 2001-2003 ординатураи клиникии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистонро хатм кардааст.
Инчунин солҳои 2003-2005 дар вазифаи мудири шуъбаи омор ва ташкилию методии Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ фаъолияти меҳнатӣ намуда, солҳои 2005-2006 ҳамчун мудири шуъбаи кадрҳои беморхонаи мазкур кор кардааст.
Баъдан, солҳои 2006-2009 дар вазифаи мудири шуъбаи 2-юми ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ва солҳои 2017-2020 ҳамчун директори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии илмии реаниматсия ва детоксикатсия” ифои вазифа намудааст.
Аз моҳи ноябри соли 2020 то 18 марти соли 2025 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов”-и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатиашро идома додааст.
Доктори илмҳои тиб, профессор, донандаи забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ мебошад.
Бо Медали Шавқат, соли 2022 бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, соли 2011 бо медали сарисинагии “Алочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 бо медали ҷашнии “25 солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2023 бо медали “Аълочии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон”, соли 2024 бо медали ҷашнӣ бахшида ба “90 солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон” ва соли 2024 ҳамзамон бо медали ҷашнии “30 солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидааст.

