Иштирок дар ҷаласаи 8-уми вазирони тандурустии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва баргузории як қатор вохуриҳо

27-уми апрели соли равон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 8-уми вазирони тандурустии кишварҳои азъои Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи “Мусоидати муштарак ба рушди устувори тандурустӣ ва ташаккули муштараки ояндаи солим” доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар доираи иштирок дар ҷаласаи 8-уми вазирони тандурустии кишварҳои азъои Созмони Ҳамкории Шанхай вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Лей Хайчао доир гашт.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар як қатор бахшҳои муҳим, аз ҷумла рақамикунонии соҳа, рушди тибби халқӣ, ҷудо кардани квота барои беморон, ташрифи мутахассисон ба кишварҳои ҳамдигар барои таҷрибаомузӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол барои рушду густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои ду кишвари дуст дар соҳаи тандурустӣ тамоми шароиту имконият муҳайё мебошад ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки вохӯрии имрӯза баҳри боз ҳам тақвият бахшидани ин ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи сиёсати созандаи роҳбарони сатҳи олии Тоҷикистону Чин имрӯзҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар баробари дигар бахшҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст.

Баъдан, дар доираи иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге, вазири тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Зафархандӣ, вазири тандурустии Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Мустафо Камол, вазири тандурустии Ҷумҳурии Беларусия Александр Валеревич ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аслибек Худоёров вохурӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни вохуриҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар бахшҳои табодули таҷрибаи табибон ба воситаи ба роҳ мондани курсҳои бозомӯзӣ ва даврҳои омӯзишӣ, дар амал ҷорӣ кардани нодиртарин амалиётҳои ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони варзидаи хориҷӣ, рушди соҳаи дорусозӣ, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар маҷмӯъ, баргузории чунин вохуриҳои судманд ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои болозикр дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search