Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Имрӯз, 29-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода бо як гурӯҳ ҷарроҳони бемориҳои чашм аз шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Федеролии Олмон вохурӣ намуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода зимни вохурӣ иброз дошт, ки солҳои охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз ташрифи мутахассисони олмонӣ ба Тоҷикистон-ин табодули таҷриба бо табибони тоҷик, гузаронидани як қатор амалиётҳои ҷарроҳии бемориҳои чашм  ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз табибони олмонӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”»  якчанд  ташхису муоина ва амалиётҳои ҷарроҳии бемориҳои чашмро низ анҷом доданд.

Дар доираи ин иқдом дар назар дошта шудааст, ки дар муассисаи номбурда 30 нафар беморони чашм аз ҷониби мутахассисони олмонӣ ҷарроҳӣ карда шаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search