12-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои тиббӣ, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 12-уми май таҷлил мегардад, ҳамоиши идона баргузор гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаи соҳавӣ ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки ин санаи муҳим моҳи январи соли 1974 бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии ҳамшираҳои тиббӣ (ICN) муқаррар карда шудааст,

Тавре зикр гардид, ҳифзи солимии аҳолии мардуми кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан лозим аст, ки дар давоми 25 соли охир дар ҷумҳурӣ рушди кори ҳамширагӣ самаранок амалӣ шуда истодааст. Дар самти расонидани кӯмаки ташкилию методӣ барои кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои тандурустии кишвар айни ҳол 1 маркази ҷумҳуриявӣ, 3 маркази вилоятӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва 1 маркази шаҳрии кори ҳамширагӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият карда истодаанд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки айни замон Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» ҷиҳати рушду равнақ ва баланд бардоштани нуфузи кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ дар мамлакат кушиш ба харҷ дода истодааст.

Дар идомаи чорабинӣ ба собиқадорон ва фаъолони кори ҳамширагии соҳаи тандурустии кишвар барои заҳмат ва меҳнати софдилона Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Пешниҳоди барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат анҷомбахши ҳамоиши идона буд.