Ӯзбекистон: Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар конфронси сатҳи баланд

27-уми майи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Муколама барои кӯдакон: Осиёи Марказӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF)” доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур масъалаҳои мубрами вобаста ҳифзи саломатии кӯдакон дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур- ин таъсиси замина барои муколамаи озод ва мубодилаи таҷриба дар масъалаҳои калидии ҳифзи саломатӣ ва беҳбудии саломатии кӯдакон дар минтақа арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон дар чорабинӣ масаъалаҳои таъмини дастрасӣ ба кумаки тиббии босифат ба кӯдакон, аз ҷумла кумаки паллиативӣ ва онкологӣ, дастгирии саломатии модарон ва рушди бармаҳали кӯдак, рушди системаҳои инклюзивии тандурустӣ, нақши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search