Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии пиронсолони шаҳри Душанбе шинос гашт

30-юми майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода сокини 85-солаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Азизов Назар, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе истиқомат менамояд, дар хонааш аёдат намуда, бо вазъи саломатии он шинос шуд.

Тавре наздиконаш иттилоъ доданд, Азизов Назар 15-уми декабри соли 1940 дар деҳаи Анҷиркони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Аснои аёдати номбурда Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки дастгирии ҳамаҷонибаи пиронсолон дар кишвар дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин қишри ҷомеа пайваста мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор дода мешаванд.

Дар идома вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулини соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ супориш дод, ки ҷиҳати ба ташхису табобат фаро гирифтан сокини 85-солаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Азизов Назар дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бистарӣ карда шавад.

Ҳамзамон, имрӯз Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе низ бо ҷараёни табобати беморон, аз ҷумла беморони калонсол шинос гашта, инчунин бо мутахассисони дигар соҳаҳо дар самти табобати онҳо машварат гузаронид.

Ҷиҳати таҳти назорат қарор додани ҷараёни ташхису табобати беморони калонсол ва таъмини ҳифзи саломатии онҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search