Имрӯз, 10-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони агентӣ ва хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур се масъала- “Вазъи нуқтаҳои обнӯшонии даҳонӣ дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва бемориҳои дарунрав дар байни кӯдакони синни то 5 сола ”, “Вазъи кӯмак ва хизматрасонӣ ба беморони кардиологӣ (дилу рагҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Вазъи таъминоти аҳолӣ бо таҷҳизотҳои техникии тавонбахшӣ. Рушди технологияҳои ассистивӣ. Амалисозии модели “Равзанаи ягона” дар ин самт” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба мавзӯи якуми ҷаласа сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев баромад кард.
Гуфта шуд, ки дарунравӣ яке аз сабабҳои асосии фавти кӯдакон дар саросари ҷаҳон буда, он асосан аз истеъмоли ғизои вайроншуда ва оби ифлосшуда ба вуҷуд меояд. Дар саросари ҷаҳон тақрибан 780 миллион нафар одамон ба манбаъҳои оби ошомиданӣ дастрасӣ надошта, 2,5 миллиард нафар одамон аз шароитҳои беҳтаргаштаи санитарӣ маҳрум мебошанд. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дарунравӣ, ки ангезандааш омилҳои сироятӣ мебошанд, хеле маъмул аст.

Тибқи маълумотҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар ҷаҳон дар кӯдакони синни то 5-сола ротавирусҳо тақрибан 110 миллион ҳолати дарунравии сабук, 10 миллион ҳолати дарунравии миёна ва 9 миллион ҳолати шадиди сироятии ротавирусҳоро ба вуҷуд меоранд.
Дар соли 2019 дар ҷаҳон 1,73 миллиард ҳолати дарунравӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 2% бо дараҷаи вазнин буданд. Аз 7,6 миллион фавти кӯдакони синни то 5-сола дар соли 2019, тахминан 64% (4,879 миллион) аз бемориҳои сироятӣ ва 10,5% аз дарунравӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷумҳурӣ бо мақсади татбиқи фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2008, №664 «Дар бораи тадбирҳои мукаммал намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии бемориҳои дарунрав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1227 адад нуқтаҳои регидрататсияи (обнӯшонии) даҳонӣ ва 2 115 адад катҳои рӯзона ташкил карда шудааст.
Коршиносон қайд мекунанд, ки иммунизатсия самараноктарин роҳи ҳифзи кӯдакон аз сирояти ротавирусӣ мебошад. Дар ин росто, Тоҷикистон чордаҳумин кишвар дар минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аст, ки аз соли 2015 ваксинаи зидди ротавирусиро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намудааст. Тибқи тақвими миллӣ, тамоми кӯдакон дар синни 2-моҳагӣ ва 4-моҳагӣ бар зидди сирояти ротавирусӣ ваксинатсия карда мешаванд.
Доир ба масъалаи “Вазъи кӯмак ва хизматрасонӣ ба беморони кардиологӣ (дилу рагҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои дил, номзади илмҳои тиб Нарзуллаева А.Р. маълумот пешниҳод намуд.
Тавре зикр гардид, бемориҳои дилу рагҳо самти афзалиятноки илми тиб ба шумор рафта, аз як тараф барои ба вуҷуд омадани марҳалаҳои нави рушди тиб, ба мисли фармакологияи клиникӣ, эпидемиологияи клиникӣ, тибби далелнок ва тибби рақамӣ мусоидат менамояд, лекин аз тарафи дигар, сабаби асосии маъюбият ва фавт мегарданд.
Зимни баромади хеш номурда доир ба таҳлил ва омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои дилу рагҳо, нишондиҳандаҳои расмии паҳншавӣ ва бемории аввалия, инчунин фавт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кард.
Баъдан дар масъалаи сеюми ҷаласа-“Вазъи таъминоти аҳолӣ бо таҷҳизотҳои техникии тавонбахшӣ. Рушди технологияҳои ассистивӣ. Амалисозии модели “Равзанаи ягона” дар ин самт” сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қудратулло Қурбонзода маърӯза кард.
Гуфта шуд, ки Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе ва филиалҳои он дар шарҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ ягона корхонаи истеҳсолӣ оид ба маҳсулоти протезию ортопедӣ ва таъмин намудани маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба ҳисоб рафта, тибқи оиннома самтҳои асосии фаъолияти корхона ва зерсохторҳояш-ин таъминоти маъюбони кишвар ба воситаҳои техникии ёрирасон, тавонбахшии ҷисмонӣ баъди протезу ортезкунонии онҳо ба шумор меравад.
Дар умум, фаъолияти корхона асосан ба маъюбон дар мавриди таъминоти онҳо бо воситаҳои техникӣ-тавонбахшӣ, аз қабили аробачаҳои маъюбӣ, асоҳои гуногун, дастгоҳҳои шунавоӣ ва ғайра равона карда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз талаботи шахсони қобилияти маҳдуддошта ба маҳсулотҳои протезию ортопедӣ дар ҳаҷми 80 фоизи эҳтиёҷот ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ, 69% талаботи аробачаҳои маъюбӣ ва 50% талабот ба дигар воситаҳои тавонбахшии техникӣ таъмин карда мешавад.
Зикр гардид, ки роҳбарият ва масъулини Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе айни замон дар таҳияи китоби “Мушахассоти воситаҳои ёрирасон ва усулҳои истифодабарии онҳо” кор карда истодаанд. Бояд қайд кард, ки ҷилди 1-уми мушахассоти мазкур дар маҷлиси гӯруҳи корие, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ташикилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) баргузор гардида буд, муаррифӣ карда шуданд.
Дар доираи амалишавии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо ҷалби ТУТ ҳануз соли 2018 як лоиҳаи пилотии «Равзанаи ягона» дар ноҳияи Рӯдакӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо дар самти воситаҳои ёрирасон» тавассути Маркази саломатии ноҳияи мазкур ва Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе амалӣ карда шуда буд. Имрӯзҳо бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва заводи мазкур дар шаҳри Душанбе 4 шабакаҳои муассисаҳои КАТС дар ноҳияҳои Ашт, Рашт, Данғара ва Шуғнон ба лоиҳаи пилотии «Равзанаи ягона» низ дохил карда шудаанд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо таваҷҷуҳи бештар ба мушкилотҳои ҷойдошта дар масъалаҳои баррасишуда зоҳир карда шуда, мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳо ва мутахассисони соҳавӣ низ доир ба масъалаҳои болозикр маълумот пешниҳод карданд.




Дар охир оид ба мавзуъҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дастур ва супоришҳои мушаххас гирифтанд.