Турсунзода. Раванди корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои КАТС

Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ба талаботи муосири хизматрасонии тиббӣ мувофиқ намудани фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Бахшида ба ҷашни бузурги умумимиллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари (КАТС)-и шаҳри Турсунзода баҳри фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоиди ташхису муоина ба беморон як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бинои 2 ошёна дар Маркази саломатии шаҳрӣ иборат аз маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои корӣ сохта ба истифода дода шуда, дар шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва соматикии Маркази саломатии шаҳр ҳуҷраҳои корӣ бо пуррагӣ таъмир гардидаву дару тирезаҳои ҳуҷраҳо ва роҳрави шуъбаи ҷарроҳӣ иваз карда шуданд.

Инчунин, даромадгоҳ ва ошёнаи якуми Маркази саломатии шаҳрӣ ва роҳрав сафолакпушу дарҳо иваз карда шуда, таъмири дигар ҳуҷраҳои кории шӯъбаҳо идома дорад.

Ба иттилои роҳбари шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода Саида Шарифзода, дар баробари ин, соли ҷорӣ Бунгоҳи тиббии Хонақо воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навобод дар деҳаи Хонақо ва ҳуҷраи доругузаронӣ дар ҷамоати деҳоти “10 солагии Истиқлолият” дар деҳаи Лолазор низ сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин як қатор марказҳои саломатии деҳавӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ҳам таъмир карда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳоло бошад, сохтмони 1 адад Маркази саломатии деҳот дар деҳаи Аҳоруни ҷамоати деҳоти Қаратоғ идома дорад. Ҳамзамон, дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ муассисаҳои шабакаи КАТС бо миз ва курсии корӣ таъмин гардиданд.

Тавре номбурда иброз дошт, бо мақсади таъмини фаъолияти кормандон ва хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ соли равон қубурҳои обгузари бинои Маркази саломатии шаҳри Турсунзода, ки 50 сол пеш насб ва фарсуда гардида буданд, азнав ба пуррагӣ иваз карда шуданд. Боми бинои Маркази саломатии шаҳрӣ низ рӯзҳои наздик пурра иваз карда хоҳад шуд, ки он ҳанӯз 50 сол пеш сохта шудааст.

Мувофиқи қоидаҳои санитарӣ барои несту нобуд кардани партовҳои тиббӣ дар шабакаи КАТС-и шаҳр то ҳол инсинератор (печка барои нест кардани партовҳои тиббӣ) мавҷуд набуд. Дар соли ҷорӣ барои несту нобуд кардани партовҳои тиббӣ дар Маркази саломатии деҳави “Ҳамадонӣ” инсинератор сохта ба истифода дода шуд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тарафи шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода ва дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои тиббии шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар деҳаҳои дурдаст корвонҳои саломатӣ ва маърифатӣ пайваста ташкил ва баргузор мегарданд.

“Дар рафти чунин чорабиниҳо дар байни аҳолӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маълумоту тавсияҳои судманд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад,-иброз дошт роҳбари шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода Саида Шарифзода.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи маҷозии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар соҳаи гематология доир гашт

Ню Йорк. Иштирок ҳайати вазорат дар иҷросияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ

Корҳои ободонӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафир ва ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Боздид аз Хона интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор

Ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器