Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов

Бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз рафти фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуд.

Аснои шиносоӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз ҳолати муассисаи номбурда, ҷараёни фаъолияти он, вазъи санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо доруворӣ ва ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ дидан кард.

Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздиди хеш бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос гашт.

Ҳамин тавр, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск