Ифтитоҳи шуъбаи асаб ва амрози дарунии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон пас аз таъмири куллӣ

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Бӯстон бо раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода аз раванди корҳои ободониву созандагӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳр шинос гардид.

Зимни боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозии куллӣ шуъбаи асаб ва шуъбаи бемориҳои дарунии Беморхонаи шаҳриро ба истифода доданд.

Зикр гардид, ки таҷдиду навсозии инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои табобату нигоҳубини беморон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти табибон ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мебошад.

Ҳамзамон, зимни суҳбат бо табибон ва ҳамшираҳои шафқат масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида ва муносибати масъулона ба саломатии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони соҳа тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд.

Дар ин замина, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, бахусус раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода, барои анҷом додани корҳои босифати таъмиру навсозӣ, фароҳам овардани шароити муносиб ва саҳм гузоштан дар рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки кормандони соҳаи тандурустӣ бо истифода аз шароити муосири фароҳамгардида ва бо эҳсоси баланди масъулияти касбӣ минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти самараноки худро идома хоҳанд дод.

Ба истифода додани шуъбаҳои навсозишудаи асаб ва бемориҳои дарунии Беморхонаи шаҳри Бӯстон қадами муҳим дар самти беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои табобату нигоҳубини беморон арзёбӣ мегардад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram