Италия. Иштирок ва суханронии Абдухолиқ Амирзода дар конфронси сатҳи баланд оид ба татбиқи лоиҳаи «Солимии ягона»

Дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) оид ба амалҳо дар самти «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромади худ номбурда иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи “Солимии ягона” қадамҳои муҳим гузоштааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ дар доираи механизми миллии ҳамоҳангсозии лоиҳаи мазкур фаъолият мекунанд.

Қайд гардид, ки дар ин самт ба масъалаҳои назорати эпидемиологӣ ва вокуниш ба бемориҳои афзалиятноки зоонозӣ, бехатарии озуқаворӣ, таҳкими иқтидори лабораторӣ, рушди захираҳои кадрӣ ва таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода таваҷҷуҳ хоса зоҳир карда мешавад.

Гуфта шуд, ки дар баробари пешгирӣ ва назорати бемориҳои зоонозӣ, яке аз афзалиятҳои муҳимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи равиши “Солимии ягона”-ин муқовимат ба доруҳои зиддимикробӣ мебошад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои ҳалли ин масъала дар бахшҳои тандурустӣ, байторӣ, кишоварзӣ, озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) ҳамкории зич дорад.

Дар рафти ҷаласа ҳамзамон аз FAO, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд даъват ба амал оварда шуд, ки тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳоро ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар саросари Осиёи Марказӣ дастгирӣ намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск