Вокуниш ба мақолаи “Азия Плюс” таҳти унвони “Марги як сокин ва сӯзонидани 10 гов. Нигаронии сокинони як деҳа дар Хуросон аз хуруҷи бемории сӯхтанӣ дар байни чорво”

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Марги як сокин ва сӯзонидани 10 гов. Нигаронии сокинони як деҳа дар Хуросон аз хуруҷи бемории сӯхтанӣ дар байни чорво”, ки рӯзи 8 июли соли равон дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии хабаргузории “Азия-Плюс” ба нашр расид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, чунин маълумот пешниҳод менамояд.

Тавре дар мақолаи болозикр омодааст, сокини деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон Қамариддин Раҳимов рӯзи 9 июни соли 2025 аз бемории сӯхтанӣ дар беморхонаи марказии ин ноҳия фавтида, далели мазкур аз забони бародари марҳум Фазлиддин Раҳимов оварда шудааст. Ҳамчунин, аз қавли як сокини дигар ҳам дар мақола зикр шудааст, ки чандин нафар шаҳрвандони ноҳия низ аз ин беморӣ сироят ёфта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Тибқи таҳлили гурӯҳи кории Раёсати тандурустӣ ва Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ваҷҳҳои овардаи Фазлиддин Раҳимов асос надошта, сокини деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон Қамариддин Раҳимов на аз бемории сӯхтанӣ, балки аз бемории сирози ҷигар фавтидааст, ки маълумоти мазкурро ташхисҳои Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон аз 11 ва 13 июни соли 2025 тасдиқ мекунад.

Инчунин, маълум гашт, ки шаҳрванд Қамариддин Раҳимов гирифтори бемории сирози ҷигар буда, тайи чанд сол зери назорати табибон қарор дошааст.

Дар асоси хулосаи ташхисӣ, дар гӯште, ки гуё Қиёмиддин Раҳимов аз он сироят ёфта, фавтидааст, аломатҳои бемории сӯхтанӣ дарёфт карда нашуд. Баъдан, агар воқеан Қиёмиддин Раҳимов аз ҳисоби истеъмоли гӯшт заҳролуд мешуд, эҳтимолияти зиёд вуҷуд дошт, ки дигар шаҳрвандон ҳам ба ин бемории сироятӣ гирифтор мешуданд. Чункӣ ин гӯшти истеъмолиро марҳум аз дӯкони савдои деҳаашон харидорӣ карда буд, ки албатта сокинони зиёде низ аз хизматрасонии он ҳамарӯза истифода мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Хуросон як ҳолати сироятёбӣ ба бемории сӯхтанӣ сабт гардидаст, ки се нафар дар Беморхонаи бемориҳои сироятии ноҳия бистарӣ шуда, баъди табобат ба хонаҳояшон рухсат шудаанд.

Таҳлилҳо ва таҷрибаи кории мутахассисони соҳа нишон медиҳанд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимолияти бештари сироятёбӣ ба бемории сӯхтанӣ аслан дар моҳҳои май ва октябр вуҷуд дорад, зеро дар ин давра чорво бештар дар чарогоҳҳо мебошад. Вале дар сурати саривақт муроҷиат кардан ба табибон, бемории мазкур табобатшаванда буда, ҳамзамон эҳтимолияти фавт аз ин беморӣ дар кишвари мо хеле паст аст, зеро он ба пуст сироят карда, наметавонад сабаби марг гардад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки хабару овозаҳои паҳншуда дар сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди сӯзонидани 10 гов низ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон асоси воқеӣ надоранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search