Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025

17-уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони хадамот ва агентиҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулину кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа сараввал Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 маълумот дод.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат як қатор муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Маркази ташхису табобат ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон ва Беморхонаи сироятӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон, Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Маркази саломатии Қалъаи Дӯстии деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар баробари ин, дар давраи сипаригашта аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 30 адад муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 115 адад муассисаҳои тандурустӣ таъмир гардиданд, ки ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, давоми шашмоҳаи аввали соли равон кор дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тақвият бахшида шуда, бо мақсади таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ-3 адад лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки аз ин шумора 2 қонун қабул шуд. Инчунин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ин шумора 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Давоми шашмоҳаи аввали соли соли 2025 ба баррасии ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 масъала марбут ба соҳаи тандурустӣ, 2 масъалаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 2 масъала марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамъ 10 масъала мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар ин давра инчунин ҷиҳати амалигардонии “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ду маротиба ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба тандурустии котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар натиҷа раванди амалигардонии нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, лоиҳаи қисмати “Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”-и барномаи мазкур омода ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод карда шуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки айни замон бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ воридсозии модели намунавии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара, Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе ва Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Суғд оғоз гардидааст, ки бо иштироки коршиносони байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тадқиқоти аввалия барои таҳияи тавсияҳо ва чорабиниҳои минбаъда дар муассисаҳои зикргардида гузаронида шуда, дар натиҷа нақшаи чорабиниҳои омодагӣ тарҳрезӣ карда шуданд.

Дар самти мукаммалсозии сохтори шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тибқи фармоиши вазорат аз 16 июни соли 2025, №371 таҳлили вазъи воқеии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо назардошти фаъолияти муассисаҳои тандурустие, ки фаъолияташон ба амалӣ намудани барномаҳои амудӣ равона карда шуданд, оғоз гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки маълумот оид ба натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи тартиби механизми ҳамгироии марказҳои амудӣ ба сохтори кумаки аввалияи тиббию санитарӣ то 15 августи соли ҷорӣ пешниҳод карда шавад.

Мусаллам аст, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти соҳа низ дар ин самт идома ёфта, дар умум 39 навгониҳо, аз ҷумла дар самти ташхис 7 ва дар самти табобат 32 адад усулҳои ҷадид дар амал ҷорӣ гаштанд.

Дар ин муддат 192 нафар мутахассисон дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар барои гузаштани курсҳои омӯзишӣ ва ба зинаи аспирантура, докторантура, коромӯзӣ, гузаштани марҳилаи ординатураи клиникӣ аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» (22 нафар) фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта (187 нафар) 5 нафар зиёд мебошад.

Дар шӯроҳои диссертатсионии фаъолият дошта 50 рисолаҳои номзадӣ ва 8 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 1 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ зиёд мебошад.

Дар идомаи ҷаласа сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ низ доир ба фаъолияти сохторҳои хеш дар нимсолаи аввали соли равон ҳисобот доданд.

Пас аз шунидани ҳисоботи масъулин як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла таъминоти кадрӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбии мутахассисон, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои давлатӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фавти модару кӯдак, одоби муошират бо беморон, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла сохтмон ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, истифодаи дурусти таҷҳизоти муосири тиббие, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои соҳавӣ дастрас карда шудаанд, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои муҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ, риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search